Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии вакилони ироқӣ аз вазъи амниятӣ


Теъдоде аз вакилони бонуфузи Ироқ хостаанд, то барои расидагӣ ба масоили амниятӣ дар ин кишвар нишасти изтирории порлумон баргузор шавад. Ин ҳафта бар асари силсилаи бомбгузориҳо дар назди қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Бағдод 95 нафар кушта шуданд. Холид Ал-Отия – муовини раиси порлумони Ироқ гуфт, даъват ба нишасти изтирории порлумон баъди мулоқоти раҳбарони ҷиноҳҳои сиёсӣ, вазирони дифоъ ва умури дохила, амниятӣ миллӣ ва дигар мақомоти расмӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, аз вакилон хоста шудааст, ки аз таътили тобистона баргашта ва фаъолияти нерӯҳои амниятии Ироқро бознигарӣ кунанд. Сиёсатмадорони бонуфузи шиъамазҳаб ва гурӯҳҳои шӯришиёни суннӣ рӯзи ҷумъа якдигарро ба ҳамлаҳои хунини рӯзи чаҳоршанбе муттаҳам карданд, ки 95 нафарро кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG