Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли чаҳор афсари пулиси Чеченистон


Ду бомбгузори маргталаб имрӯз як зан ва чаҳор нафар маъмури милисаро дар шаҳри Грозний пойтахти Чеченистон куштанд. Алексей Земков - сухангӯи вазорати изтирории Русия, гуфт дар ин ҳамла ҳамчунин чаҳор корманди милиса маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи вай, маргталабон дар шаҳри Грозний ба афсарони пулис наздик шуда ва абзори таркандаро ба ҳаракат даровардаанд.
XS
SM
MD
LG