Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пешорӯи фарорасии моҳи шарифи Рамазон Радиои Озодӣ ба пойи сӯҳбати Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, донишманди маъруфи Ислом нишаст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода шунавандагони Радиои Озодӣ ва хонандагони торнамои Озодиро бо фарорасии ин моҳи муқаддас табрик гуфт ва дар бораи фазилатҳои ин моҳи шариф сухан кард, аз қадри ибодат дар шаби Қадр ҳарф зад.

Аз ӯ ҳамчунин дар бораи тафовут дар шурӯъи Рамазон миёни Тоҷикистон ва шумори аксари кишварҳои дигари исломӣ суол шуд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз дастовардҳои илм дар ин мавзӯъ на он қадар истифода мебарад. Ӯ гуфт, дар ин мавзӯъ бояд ба Саудӣ пайравӣ кард, чун ба ҳар ҳол Каъбаи мусалмонҳо он ҷост ва маркази Ислом он ҷост. Ӯ гуфт, шахсан худаш рӯзи ҷумъа, 21-уми август, як рӯз ӯабл аз тақвими расмии шурӯъи Рамазон дар Тоҷикистон рӯза хоҳад гирифт.

Дар бораи замони хӯрдан дар субҳ ва шом, ки дар ин масъала миёни тақвимҳои Шӯрои уламо ва ҲНИТ тафовут аст, ӯ гуфт, беҳтар мебуд, агар бо расадхонаҳои кишвар ҳамкорӣ шавад.

Аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода суол шуд, ки чаро дар моҳи Рамазон баҳои маҳсулоти хӯрока дар бисёре аз кишварҳои исломӣ коҳиш меёбад ва дар Тоҷикистон баръакс боло меравад. Ӯ посух дод, дар он кишварҳо бозаргонҳое ҳастанд, ки тиҷораташон хеле бузург аст ва дар моҳи шариф савоб меҷӯянд ва баҳои маҳсулоти худро поин мебаранд. Ва аммо дар Тоҷикистон чунин бозаргонҳо, бо тиҷорати бузург ва бо хоҳиши савобҷӯӣ камтар ҳастанд, гуфт Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Шакли комили ин сӯҳбатро метавонед бо пахши ишораи аудио бишнавед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG