Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо мунтазири натиҷаи интихобот


Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳур хост, сабур бошанд, зеро ситодҳои номзадҳои тарафҳо эълом карданд, ки дар интихоботи рӯзи панҷшанбе пирӯз шудаанд. Зикриё Борикзай – муовини раиси кумиссиёни интихоботӣ гуфт, “эъломи натиҷаҳои интихоботи кори кори онҳост” на аз ситодҳои интихоботӣ. Пештар аз ин ҳам гурӯҳи Ҳомиди Карзай ва ҳам гурӯҳи рақиби қавитарини ӯ Абдулло Абдулло эълом карданд, ки бар асоси шумориши оро онҳо дар интихобот пешсафанд.
XS
SM
MD
LG