Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди номаълум, ки шабона ба мақсади дуздидани пули бахши вилоятии «Амонатбонк» дар Хоруғ ба бинои он роҳ ёфтаанд, ноком монданд.

Муовини сардори тафтишоти Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Шавкат Музаффаров гуфт, ин афрод тавассути бодпарвои тиреза вориди табақаи дуввуми бонк шуда, болопуши махзанро кандааанд, аммо панҷараи оҳанини муҳофизатӣ монеъи амали шудани қасди дуздон гардидааст. Ба гуфтаи муовини сардори шуъбаи тафтишотӣ, дуздон барои берун овардани пул аз чангак истифода карданд, аммо бастаи пул ҳангоми боло кашидан халос ва ба ҳар тараф паҳну парешон шуда, дуздон маҷбур шуданд, ҷойи ҳодисаро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон аз афзоиши ҳодисаҳои дуздӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ мекунанд. Гуфта мешавад, таи соли равон наздики сад ҳодисаи дуздии моликияти ҷамъиятӣ ба вуқуъ пайваста, бештарашон нокушода мондаанд. Коршиносон бӯҳрони молиявӣ ва таъсири он ба вазъи иҷтимоиро яке аз омилҳои густариши ҳодисаҳои дуздӣ мешуморад.

Бино бар таҳлилҳо, дар бештари маворид манозили шахсӣ ва мағозаҳои тиҷоратӣ мавриди ғорат ва дуздӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи муҳаррири рӯзномаи «Зиндаги»-и ноҳияи Ишкошим Моҳира Пайшанбиева, ахиран, таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва кундии мақомот дар ошкор гардидани ин ҳодисаҳо ба шерак шудану ҳарчӣ бештар ба дуздии моликияти муассисаҳо рӯ овардани дуздон боис шудааст.
Чанде қабл бар асари чунин як ҳодисаи дуздӣ аз сандуқи оҳанини Ассотсиатсияи байнулмилалии боркашонии Тоҷикстон дар Хоруғ 54 ҳазор сомонӣ рабуда шуда, ҷиноят то ба ҳол ошкор нагардидааст. Аз ин пеш дуздон сандуқи оҳанинро бо пул аз бинои Донишгоҳи Хоруғ рабуда, аммо пас аз чанд муддат дастгир ва муҷозот шуданд.

Соҳибкорон мегӯянд, сангинии рӯзгор бар асари вазъи бӯҳронӣ ва афзоиши ҳодисаҳои дуздӣ онҳоро ба таҳлука андохта, маҷбур ҳастанд, ки ба дари мағозаҳояшон қулфҳои оҳанину мустаҳкам овезон кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG