Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ногаҳонӣ ба паноҳгоҳи Толибон


Ҳамлаи мушакӣ аз як ҳавопаймои бидуни сарнишин дар шимолуғарби Покистон имрӯз дасти кам 11 нафарро кушт. Хабаргузориҳо мегӯянд, ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки зоҳиран мутаалиқи нерӯҳои Амрико будааст, як паноҳгоҳи Толибонро дар рустои Данди Дарпахел воқеъ дар минтақаи қабоилнишини Вазиристони Ҷанубӣ ҳадаф гирифтааст. Дар як ҳамлаи шабеҳе дар аввали ҳамин моҳ, бино ба гузоришҳо Байтуллоҳ Маҳсуд – як фармондеҳи Толибон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG