Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси барномаҳои атомии Эрон дар СММ


Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, дипломатҳои панҷ кишвари узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал бар изофаи Олмон рӯзи дуввуми сентябр барои баррасии бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон гирди ҳам меоянд. Ба иттилоъи расмӣ, Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе сари ҳамин масъала бо ҳамтои амрикоии худ Ҳилларӣ Клинтон гуфтӯгуи телефонӣ доштааст. Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Русия омадааст, намояндагони панҷ кишвари дорои ҳаққи вето дар Шӯрои Амният, бар изофаи Олмон дар мулоқоти моҳи сентябр ширкат хоҳанд кард. Моҳи гузашта раҳбарони кишварҳои аз назари иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳон ба Эрон мӯҳлат доданд, то моҳи сентябр ба музокирот дар мавриди барномаҳои атомиаш ризоият диҳад, дар акси ҳол ба таҳримоти нави байналмилалӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG