Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар ду номзади аслӣ аз пирӯзӣ мегӯянд


Абдулло Абдулло гуфт, натоиҷи муқаддамотии интихобот ӯро дар раъси номзадон қарор дода ва ӯ соҳиби бештарини раъйҳо дар аксари вилоятҳо гардидааст.

Доктор Абдулло ба оҷонсии Рейтер гуфт, ба ин натоиҷ ҳеҷ шубҳае нест.

Субҳи имрӯз, ситодҳои интихоботии ҳар ду номзади аслӣ дар интихоботи Афғонистон ҷониби худро ғолиби интихобот эълон карда буданд.

Дин Муҳаммад, раҳбари ситоди интихоботии Ҳомид Карзай ба оҷонсии Рейтер гуфтааст, ғолиби интихобот аллакай дар даври аввал маълум шуд ва ин ғолиб Ҳомид Карзай аст. Ӯ гуфтааст, раъйҳои гирифтаи Ҳомид Карзай ниёз ба баргузории даври дуввумро боқӣ намегузорад.

Дар ҳамин ҳол, Фозил Сангчоракӣ, раҳбар ситоди интихоботии собиқ вазири корҳои хориҷа Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақамҳои мушаххасро оварда, гуфтааст, бино бар натоиҷе, ки онҳо ҳисоб кардаанд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ 63 % раъйҳоро ва Ҳомид Карзай 31%-ро ба даст овардаанд. Ӯ илова кардааст, ки ин арқоми ниҳоӣ нест ва ситоди онҳо то ба ҳанӯз натиҷаҳоеро аз манотиқи дурдаст гирифта истодааст.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон гуфтааст, натоиҷи расмии интихобот ҳафтаи оянда нашр хоҳанд шуд ва ҷонибҳоро ба худдорӣ аз интишори хабарҳои пирӯзӣ хондааст.

Қаблан, торнамоҳои афғонӣ бо такя ба манобеъи ғайрирасмӣ навишта буданд, ки бино бар натоиҷи аввалия, ду номзади аслии интихобот - Ҳомид Карзай ва Абдулло Абдулло дар садри раъйгирифтагон қарор доранд ва қариб баробар мераванд.

Ин торнамоҳо навиштаанд, Карзай аксаран дар манотиқи ҷануб ва ғарбии Афғонистон раъйҳои зиёд ба даст овардааст ва ба тарафдорӣ аз доктор Абдулло дар шимол афроди зиёд овоз додаанд.

Сарфи назар аз таҳдидҳои Толибон ва таркишу даргириҳои рӯзи интихобот миллионҳо шаҳрвандони Афғонистон рӯзи бистуми август ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтанд, то сарнавишти кишварашонро дар ҳадди ақал чаҳор соли оянда таъйин бикунанд.

Торнамои Озодӣ хонандагони гиромии худро бо тозатарин ахбор аз натоиҷи интихоботи Афғонистон огоҳ хоҳад кард. Ин матлабро сари ҳар чанд вақт нав бикунед.
XS
SM
MD
LG