Пайвандҳои дастрасӣ

Феҳрасти ҳукумати нави Аҳмадинажод ба Маҷлис ироа шуд


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз рӯйхатти 21 узви кобинаи нави вазиронашро барои тасвиб ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон, ироа кард. Тавре ҳам ки интизор мерафт, Манучеҳри Муттакӣ дар кобинаи нав низ симати вазири умури хориҷиро ҳифз кардааст. Ҳамин тавр, се зан ба раҳбарии вазоратхонаҳои омӯзишу парвариш, ҳифзи сиҳҳат ва ҳифзи иҷтимоӣ пешбарӣ шудаанд, ки дар сурати тасвиб нахустин вузарои зан дар Эрон баъд аз инқилоби исломии соли 1979 хоҳанд шуд. Аммо ба назари таҳлилгарон, тасвиби ин кобина дар Маҷлис соддаву осон ба даст нахоҳад омад. Муовини раиси Маҷлиси Эрон Ризо Боҳунар гуфтааст, то 5 номзад ба узвияти кобинаи нави Аҳмадинажод радди салоҳият хоҳанд шуд. Баҳси кобинаи Аҳмадинажод дар пасманзари пирӯзии баҳсбарангези ӯ дар интихоботи рӯзи 12 июн ва эътирозҳои густардаест, ки дар паи эълони ин пирӯзӣ Эронро фаро гирифт.
XS
SM
MD
LG