Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хешовандони Робия Қодирро таъқиб мекунанд


Хешовандони Робия Қодир, раҳбари уйғурҳо, ки дар ғурбат ба сар мебарад, гуфтаанд, мақомоти Чин ба онҳо амр додаанд, манзилҳои худро дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти ошӯбзадаи Шинҷон-Уйғур тарк кунанд. Ин хонавода, ки ҳудуди 30 нафарро дар бар мегирад, иддао доранд, ки Пекин мехоҳад, манозил ва ду маркази тиҷоратиро, ки бахше аз фаъолиятҳои муваффақи тиҷории Робия Қодир дониста мешавад, тахриб кунад. Ин иддаои пайвандони Робия Қодир то ҳол аз ҷониби хабаргузориҳо ваё мақомоти Чин таъйид ё такзиб нашудааст.
Чин Робия Қодир, раҳбари Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳоро ба таҳрики ошӯбҳои қавмии моҳи гузашта дар Урумчӣ, ки наздики 200 нафарро кушта ва беш аз 1600 танро захмӣ ба ҷо гузошт, айбдор кардааст. Робия Қодир аммо ин иттиҳомро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG