Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенка дигар ба Ғарб гузашт карданӣ нест


Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ба кишварҳои Ғарб паём дод, ки дар ғайри сурати азми воқеъӣ ба беҳбуди равобиташон бо Беларус онҳо набояд аз Минск гузаштҳои бештарро мунтазир бошанд. Лукашенка дар паи таниши ду сол пешаш бо Русия бар сари масоили энержӣ, ба дунболи беҳбуди равобит бо Ғарб, аз ҷумла бо ИА уфтод.
Яхи равобити Минск бо Аврупо дар паи як каме беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи башар, аз ҷумла тағйири қонуни интихоботи Беларус ва эътои ҳаққи бештар ба мухолифин ва матбуоти мустақил дар он кишвар, як каме об шуд, вале маълум мешавад, на ба андозае, ки раҳбари худкомаи Беларус интизор доштааст.

XS
SM
MD
LG