Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Станисич ба додгоҳи Ҳейг эҳзор хоҳад шуд


Додгоҳи байналмилалии Ҳейг, ки ҷиноятҳои даврони ҷанги Югославияро таҳқиқ мекунад, эълом кард, ки вазири пешини умури дохилӣ дар ҳукумати сербҳои Буснӣ Мико Станисич рӯзи 14 сентябр ба додгоҳ эҳзор хоҳад шуд. Станисич ба ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мешавад. Додгоҳи Ҳейг гуфт, парвандаи Станисич ҳамроҳ бо парвандаи раҳбари пешини пулиси Буснӣ Стоян Зуплянин муҳокима хоҳад шуд. Ҳарду ба шиканҷаву қатл ва иҷборан ихроҷ кардани мусалмонон ва хорватҳои сокини Буснӣ дар солҳои 1992-1995 муттаҳам мешаванд, вале ҳеҷ яки онҳо ба гуноҳи худ эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG