Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болт боз як рекорди ҷаҳонӣ гузошт


Давандаи маъруф аз Ямайка Усайн Болт боз як рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар анвоъи варзишҳои майдонӣ дар Берлин масофаи 200 метрро дар зарфи 19,19 сония тай кард, ки назар ба рекорди дар Бозиҳои Олимпии Пекин гузоштаи худи Болт 0,11 сония зудтар аст.
Усайн Болт чанд рӯз пеш дар Берлин дар сабқати дав ба масофаи 100 метр рекорди ҷаҳонӣ гузошта буд. Ин варзишгари 22-сола дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, медонад, ки ӯ дар роҳи табдил ёфтан ба бузургтарин варзишкор дар навъи варзиши дави спринтист. Болт гуфт, ӯ ҳеҷ гоҳ аз дорувор истифода намебарад, балки ба хотири пирӯзӣ дар тамрин аз худ заррае дареғ намедорад.
XS
SM
MD
LG