Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Ғарб аз интихоботи Афғонистон


Қудратҳои ғарбӣ интихоботи Афғонистонро, ки дирӯз алорағми таҳдидҳои Толибон баргузор шуд, пирӯзӣ дар роҳи демократия номида, истиқбол карданд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, интихоботи раёсати ҷумҳур ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон, тавре ба назар мерасад, бомуваффақият гузаштааст. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен ин маъракаро аломати азми мардуми афғон ба сӯи эъмори демократия номид.
Бино ба хабарҳо, бар асари хушунатҳо дар рӯзи интихобот дастикам 26 нафар, бо шумули маъмурони амниятӣ ва мардуми ғайринизомӣ кушта шуданд. Таи дирӯз беш аз 20 ҷангии толиб низ дар задухӯрдҳо ба ҳалокат расиданд.
Аммо баъид аст, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Афғонистон дар рӯзҳои наздик нашр шавад.
XS
SM
MD
LG