Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи чиптаи Душанбе - Франкфурт арзон шуд


Ширкати ҳавопаймоии “СомонЭйр” арзиши чиптаҳои парвозаш дар хатти ҳавоии Душанбе – Франкфурти лаби Майнро қариб 50 дарсад пойин овардааст. Қаблан қимати парвози дутарафа аз пойтахти Тоҷикистон ба ин шаҳри Олмон 650 евроро ташкил медод. Акнун қимати парвоз ба ин шаҳри Аврупо ва роҳи бозгашт 450 евро муқаррар шудааст.
Нахустин парвози мустақими ҳавопаймои Боинг –737-и ширкати “СомонЭйр” ба Франкфурт рӯзи 29 июли соли ҷорӣ анҷом ёфта буд. Тӯли парвоз то Франкфурт 7 соат ва роҳи бозгашт 6 соатро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG