Пайвандҳои дастрасӣ

Якуним тонна битуми "Чайна Роуд" ба коми оташ рафт


Бар асари оташсӯзӣ дар амбори маводи сӯхти ширкати чиноии “Чайна Роуд” дар канораи ғарбии Душанбе якуним тонна битуми марбут ба ин ширкати роҳсозӣ ба коми оташ рафтааст. Мақомоти сӯхторнишонии вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, сӯхтор дар маҷмӯъ 2000 метри мураббаъ амбори ин ширкатро ба коми худ кашид. Амалиёти фурӯ нишондани сӯхтор дар амбори “Чайна Роуд” рӯзи панҷшанбе беш аз як соат тӯл кашидааст.
XS
SM
MD
LG