Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон интихобот ба поён расид


Карзай ҳангоми сипосгузорӣ. Кобул. 20-уми августи соли 2009.
Карзай ҳангоми сипосгузорӣ. Кобул. 20-уми августи соли 2009.

Бо вуҷуди чанд даргирӣ интихоботи раисиҷумҳур ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон куллан ба таври осишта сурат гирифт.

Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, аз интихобкунандагони кишвараш сипосгузорӣ намуд, ки ба таҳдидҳои зӯроварона эътино накарда, дар раъйдиҳӣ ширкат варзиданд. Вай имрӯзро "рӯзи хубе" барои кишвараш номид.
"Ин ҳаққи қонунии мо буд ва ҳеҷ кас ба ҳеҷ роҳе онро аз пеши мо гирифта наметавонад. Мо омадем, то дар таъини сарнавишти кишвари худ саҳм бигирем...

Карзай дар ҳоле сӯҳбат кард, ки раъйдиҳӣ дар интихоботи раисиҷумҳур ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон пас аз тамдиди яксоата хотима ёфт.

Намояндагони давлати Афғонистон гуфтанд, дар хушунатҳои рӯзи интихобот дар манотиқи гуногуни мамлакат 23 нафар кушта шудаанд. Аз инҳо нӯҳ нафарашон афроди мулкӣ, нӯҳ корманди полис ва панҷ сарбози артиш будаанд.

Ҳамчунин дар даргириҳои вилояти Бағлон 22 ошӯбгар кушта шудаанд. Мақомот мегӯянд, раъйдиҳӣ ба таври осоишта ҷараён гирифт, вале ҳанӯз сатҳи ширкати интихобкунандагон маълум нест.

Яке аз раъйдиҳандагон, Амина Расулӣ дар Кобул дар посух ба суоли радиои "Озодӣ", ки оё бо тарс ба интихобот омадааст, чунин гуфт: "Ин ҳаққи қонунии мо буд ва ҳеҷ кас ба ҳеҷ роҳе онро аз пеши мо гирифта наметавонад. Мо омадем, то дар таъини сарнавишти кишвари худ саҳм бигирем."

Дабири кулли Паймони атлантики Шимолӣ, Андерс Фоғ Расмуссен низ гуфт, интихобот хеле рӯҳбаландкунанда буд ва афғонҳо тарс аз хушунатҳоро канор гузошта, омаданд, то аз ҳаққи худ истифода кунанд.

Расмуссен афзуд, аз тарҳи аввалия дида ҳавзаҳои бештари интихоботӣ боз шуданд.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мегӯяд, аз ҷараёни раъйдиҳии имрӯза дар интихоботи раисиҷумҳур ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон хушнуд аст. Кай Эйд гуфт, "албатта, баъзе ҳамлаҳо низ сурат гирифт, вале дар ниҳояти амр, ин камтар аз ҳароси мо буд."

Сухангӯи намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон, Олим Сиддиқӣ гуфт, ширкати раъйдиҳандагон бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон рӯҳбаландкунанда буд.

Аз манотиқи гуногуни Афғонистон хабарҳое дар бораи ҳамлаҳо расид, аз ҷумла аз як даргирӣ дар шарқи Кобул. Раисиҷумҳури феълии Афғонистон, Ҳомид Карзай, ки аз замони барканории Толибон дар Афғонистон дар сари қудрат аст, бо зиёда аз 30 номзад рақобат мекунад, аз ҷумла собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон, Абдуллоҳи Абдуллоҳ.
XS
SM
MD
LG