Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай аз интихобкунандагон ташаккур кард


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, аз интихобкунандагони кишвараш сипосгузорӣ намуд, ки ба таҳдидҳои зӯроварона эътино накарда, дар раъйдиҳӣ ширкат варзиданд. Вай имрӯзро "рӯзи хубе" барои кишвараш номид.
Карзай дар ҳоле сӯҳбат кард, ки раъйдиҳӣ дар интихоботи раисиҷумҳур ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон пас аз тамдиди яксоата хотима ёфт. Намояндагони давлати Афғонистон гуфтанд, дар хушунатҳои рӯзи интихобот дар манотиқи гуногуни мамлакат 23 нафар кушта шудаанд. Аз инҳо нӯҳ нафарашон афроди мулкӣ, нӯҳ корманди полис ва панҷ сарбози артиши будаанд. Ҳамчунин дар даргириҳои вилояти Бағлон 22 ошӯбгар кушта шудаанд. Мақомот мегӯянд, раъйдиҳӣ ба таври осоишта ҷараён гирифт, вале ҳанӯз сатҳи ширкати интихобкунандагон маълум нест. Дабири кулли Паймони атлантики Шимолӣ, Андерс Фоғ Расмуссен низ гуфт, интихобот хеле рӯҳбаландкунанда буд ва афғонҳо тарс аз хушунатҳоро канор гузошта, омаданд, то аз ҳаққи худ истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG