Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти адибони Бадахшон


Дар Хоруғ конфронси адибони Бадахшон баргузор шуд. Шоири халқӣ ва роҳбари бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ширин Бунёд баргузории чунин нишастро бесобиқа ва муҳим дар ҳаёти ҳавзаи адабии минтақа унвон кард.

Вай гуфт, барои баррасии навиштаҳои эҷодкорони ҷавон дар сатҳи касбӣ ва ироаи тавсияву пешниҳодҳо барои ислоҳашон ва пешрафти эҷодӣ кумак мерасонад.

Ба гуфтаи шоир Ато Мирхоҷа, баррасии намунаҳои ашъори шуарои ҷавон баёнгари он аст, ки бештари эҷодкорон то ба ҳол дар банди қолабҳои куҳнаи шеър гир монда, дар ашъорашон андешаҳои навоварона ва тасвирҳои шоирона кам ба назар мерасанд.

Шоир Камол Насрулло гуфт, ки дар чакидаҳои эҷодкорони ҷавон ишқ, эҳсосот ва самимият дида мешавад, аммо ҳунари шеър гуфтан ҳануз такмил наёфтааст ва сабаби ин мушкилотро ба таъсири ҳаводиси солҳои охир ва аз мутолиа дур мондани адибони ҷавони минтақа вобаста медонад.

Шоирон баён доштанд, ки аммо бархе аз намунаҳои ашъори эҷодкорони ҷавон аз ҳунар ва салиқаи эҷодкории муаллифонашон гувоҳӣ медиҳад. Гуфта шуд, ки бо омушиши ҳарчи бештари адабиёт ва такмили малака ва маҳорат метавон гуфт, ки бархе аз шуъаррои ҷавон қодир ҳастанд, дар майдони шеър аз худ нишона боқи гузоранд.

Дар қатори шуъарои ҷавон Хушомади Алидод ва Рудобаи Мукаррам чакидҳои равон ва суфтаи хонандаи синфи 11-уми яке аз макотиби ноҳияи Рушон Афсона Акобирова баёнгари табъи шоирӣ ва истеъдоди хуби суханварӣ эътироф шуданд.

Дар машварат зикр шуд, ки агарчи Бадахшон сарзамини шоирхез ҳаст, аммо эҷодкорони минтақа қаблан дар бардоштани бори наср оҷизӣ кашидаанд, вале таи солҳои охир носирон 5 маҷмуаро ба табъ расонданд. Нависанда Кароматулло Мирзоев раванди авҷ гирифтани ҳикоя ва қиссанависӣ дар байни эҷодкорони Бадхшон ва сатҳи нигоришашонрор падидаи матлуб дар ҳавзаи адабӣ мешуморад.

Ба гуфтаи шоир Лаълҷуббаи Мирзоҳасан, 26 сол қабл ширкат дар чунин як машварати адибон дар маркази ҷумҳурӣ барои зумрае аз эҷодкорони ҷавон манбаи илҳом ва рушди касбӣ гардид ва вай бовар дорад, рӯ ба рӯ омадани эҷодкорони ҷавон бо чеҳраҳои сарошиноси адабиёт, ки барои аввалин бор даар Бадахшон ба вуқӯъ мепайвандад, ба рушд ва камолоти ирфаҳии эҷодкорони ҷавон такон мебахшад.

Ба фикри шоир Алидоди Чароғабдол шоиртарошӣ ба як дарди солҳои охир дар ҷомеа табдил шуда, баррасии асарҳои эҷодкорони ҷавон дар муҳити касби барои баҳогузории ва муайян кардани сатҳ ва қобилияти эҷодиашон кумак мекунад.

Адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов бо назардошти мушкилоти китоб таъсиси фонди кумаки китобиро пешниҳод намуд, то аҳли адаби маркази ҷумҳурӣ имконият пайдо кунад, барои ҳамтоёнашон дар Бадахшон китобҳои зарурӣ, ки дар бархе аз маворид дар хазинаашон бо теъдоди якчанд нусха ҷамъ мешаванд, ироа кунанд.

Ба гуфтаи муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Камол Насрулло, агарчи адабиёт дар Бадахшон таи солҳои охир ба таназзул рӯ ба рӯ будааст, аммо боз ҳам машварат барои дарёфти чеҳраҳо ва истеъдодҳои ҷавон замина фароҳам сохта, пас аз чанде бо интишори маҷмуаъи дастҷамиъи хонандагон ба фикру андешаҳои шоирон ва носирони Бадхшон ошно хоҳанд шуд.

Камол Насрулло машварати адибони Бадахшон ва вилоятҳои дигари ҷумҳуриро марҳилаи омодагӣ ба конфронси адибони ҷавони Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Бахши бадахшонии иттифоқи нависандагон соли 1992 таъсис ва бештар аз 30 аъзо дорад. Конфроси адиибони Бадахшон ду рӯз давом кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG