Пайвандҳои дастрасӣ

Ишқобод донишҷӯёнро аз хориҷ фаро мехонад


Тимсоли бузурги китоби "Руҳнома"-и раисиҷумҳури собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов - Туркманбошӣ дар яке аз майдонҳои шаҳри Ишқобод

Тимсоли бузурги китоби "Руҳнома"-и раисиҷумҳури собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов - Туркманбошӣ дар яке аз майдонҳои шаҳри Ишқобод

Тибқи иттилои мақомоти Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, воқеъ дар Бишкек, беш аз 100 ҷавони туркман таҳсил дар ин донишгоҳро қатъ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ин ба тасмими мақомоти Туркманистон марбут аст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз таҳсили ҷавонони ин кишвар дар баъзе донишгоҳҳои мамолики хориҷӣ, аз ҷумла донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, роҳандозӣ шудааст.

Бино ба манбаъҳои ғайрирасмӣ, як мақоми вазорати омӯзишу парвариши Туркманистон бидуни ифшои номи худ волидайни донишҷӯёнеро, ки дар донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ таҳсил мекунанд, фаро хонда ва эълом доштааст, ки фарзандонашон ба ҳеҷ далел қаламрави Туркманистонро тарк накунанд.

Евгения Романовская, ҳамоҳангсози равобити берунаи донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ ин иттилоъро таъйид кард. Ба гуфтаи Евгения Романовская донишгоҳи онҳо ҳамеша омодааст, ки ҷавонони туркманро барои таҳсил қабул кунад.

Вай афзуд, вале мушкилот бар ҷониби вазорати омӯзишу парвариши Туркманистон аст, ки маълум намуд, ин донишҷӯён аз гирифтани раводид маҳрум карда шуданд. Бар асоси шаҳодати Евгения Романовская, бо вуҷуди маҳдудиятҳо дар мавриди гирифтани раводид ҳанӯз наметавон қотеъона гуфт, ки ҷавонони туркман таҳсил дар донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказиро қатъ хоҳанд кард.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо қоидаи наве, ки Туркманистон ҷорӣ кардааст, фақат ба донишҷӯёни донишгоҳи амрикоӣ хос нест. Вай гуфт, тибқи тартиби нави ҷоришуда, ҷавононе, ки дар донишгоҳҳои хусусии берун аз Туркманистон таҳсил мекунанд, бояд таҳсилро дар ин донишгоҳҳо мутаваққиф созанд.

Ҳамоҳангсози равобити берунаи донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ гуфт, вале мақомоти донишгоҳ саъйу кӯшиш доранд, ки масъаларо мусбат ҳал кунанд ва донишҷӯёни туркманӣ битавонанд, дубора таҳсилро дар ин донишгоҳ идома диҳанд.

Аммо ба навиштаи нашрияи электронии «Хроника Турменистан», мақоми вазорати омӯзишу парвариши Туркманистон эълом кардааст, ки кишвараш ба мутахассисоне, ки донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ тайёр мекунад, эҳтиёҷ надорад. Ин манбаъ меафзояд, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи равон чанд донишҷӯ дар майдони ҳавоии Ишқобод аз ба ҳавопаймои самти Алмаато роҳ дода нашуданд.

Нашрияи электронии «Хроника Туркменистан» навиштааст, чунин таҳаввулоти барои донишҷӯён ва волидайни онҳо ғайримунтазира мунҷар ба он хоҳад шуд, ки қисме аз ин ҷавонон аз шаҳрвандии Туркманистон сарфи назар кунанд ва баъди тарки қаламрави он дубора ба кишварашон бознагарданд.

Як ҷавони туркман гуфтааст, ҷавононе, ки дар донишгоҳҳои хусусииберун аз Туркманистон таҳсил мекунанд, дар рӯйхати сиёҳи кумитаи амнияти кишварашон шомил шудаанд.

Мақомоти туркман аз тавзеҳи ин ҳол ибрози худдорӣ варзиданд. Аммо ба гуфтаи коршиносон ин иқдоми мақомоти туркман хилофи қонунгузориҳои худи ин кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG