Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин гимназияи хусусии тоҷикӣ-русӣ дар шаҳри Душанбе, ки 400 хонандаро дар бар мегирад, моҳи сентябри соли ҷорӣ дари худро боз хохад кард.

Ин гимназия таҳти унвони «Кафолат» дар махаллаи 82 уми пойтахти Тоҷикистон бо кӯшиши тоҷири тоҷик Исоев Исматулло таъсиси ёфтааст. Усул ва шеваҳои кор дар ин Гимназия мушобеҳи литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Исоев Исматулло мегӯяд, “ман дар назди худ мақсад гузоштам, ки барои насли нави кишвар гимназияи шахсӣ ташкил кунам. Имруз аз Туркия омада, дар Тоҷикистон литсей боз мекунанд ва мо аз онҳо камтар нестем”.

Зебо Алиева, директори гимназияи «Кафолат», мегӯяд, дар ин гимназия муҳассилин аз синфи 1 то 7 таҳсил хоҳанд кард ва дар оянда имкон дорад, таҳсил 12-сола шавад. Хонум Алиева гуфт, ки шартҳои қабул ба ин гимназия ҷуз пардохти 800 доллари амрикоӣ барои як сол, ҳамчунин аз имтиҳони қабул ба тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ иборат аст.

Аксари волидайн аз таъсиси гимназияи нав истиқбол кардаанд, аммо аксари онҳо нархи таъинкардаи раҳбарияти ин гимназия барои таҳсилро гарон номидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG