Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфаи барқ - мавзӯъи мизи гирд


Дар Душанбе мизи мудаввар бо ширкати мақомоти ҳукуматӣ, созмонҳои хориҷӣ ва коршиносон дар мавзӯъи «Тадобири беҳбуди сарфаи энержӣ ва таъмини энержӣ» баргузор шуд.

Дар ин нишаст бар аҳамияти боло бурдани фарҳанги истифодаи энержӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли мушкили таъмини энержӣ таъкид шуд.

Бо он вуҷуд, ки мавзӯъи баҳси мизи мудаввар ба беҳбуди сарфаву таъмини энержӣ рабт дошт, ширкатдорон бештар рӯйи истифодаи барқ ва таъмини он дар Тоҷикистон сӯҳбат карданд. Ин ҳам ба он хотир, ки дар ҳоли ҳозир, мардум ва ҳукумати Тоҷикистон беш аз ҳама бо ин навъи энержӣ сарукор ва мушкил доранд.

Владимир Пряхин, сарвари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, рӯйи кор омадани қонуни сарфаи энержӣ дар соли 2002 ва фармони ахири раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи тадобири иловагии сарфаи энержиро заминаи ҳуқуқии сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт унвон кард. Вай афзуд, ниҳодаш Тоҷикистонро ҷонибдорӣ ва барои ҳалли ин мушкил кӯмаки заруриро хоҳад кард.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии дастгоҳи раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, аз вуҷуди ҳамчунин қонун бо гузашти 7 сол доираи маҳдуди мутахассисон хабардоранд. Вай афзуд, ҳоло ин қонун ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад, зеро то ба имрӯз бархӯрдҳо дар ҷаҳон ва минтақаву кишвар ба масъалаи энержӣ тағйир хӯрдаанд. Оқои Шарифов бар аҳамияти сарфаи энержӣ ба хотири ҳифзи сарват ва муҳити зисти Тоҷикистон таъкид кард.

Мавҷуда Келдиёрова, раиси Идораи назорати давлатии барқ гуфт, камбуди барқ дар Тоҷикистон қабл аз ҳама ба афзудани теъдоди асбоби рӯзгор, ки бо барқ кор мекунанд, вобаста аст. Вай афзуд, аммо сохтори назорати истифодаи барқ низ дар ҳисобу китоби барқи истеҳсолшаванда аз як сӯ ва барқе, ки ба мардум мерасад, мушкил дорад. Вай афзуд, баъзан харҷи барқ бар муомилаи инфиродии нозир ва мизоҷ низ вобаста аст, ки чӣ тавр онҳо рӯйи пардохташ ба хулосае мерасанд.

Алихон Латифӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, барои сарфаи барқ бояд фарҳанги мардум тариқи таблиғ боло бурда шавад:
“Дар деҳот ду ё се соат барқ медиҳанд ва мардум дар тӯли ин ду соат кулли чароғҳояшонро фурӯзон нигоҳ медоранд. Яъне, даркору нодаркор, чароғҳо фурӯзон. Мардум ақаллан онҳоро хомӯш намекунанд. Аз як тарф барқ намерасад, аз тарафи дигар сарфаш аз будааш зиёд. Агар мардум ҳамон чароғҳои бешумори худро хомӯш карда, барқро сарфа мекарданд, метавонистанд, ки ба ҷойи ду соат чор соат барқ дошта бошанд”.

Тоҷикистон кишварест, ки тибқи иттилоъи расмӣ, солона аз 15 то 17 млрд. квт соат барқ истеҳсол мекунад, аммо ҳамасола дар мавсими зимистон ба мушкили таъмини аҳолӣ бо барқ мувоҷеҳ мешавад ва то ба 5 млрд. квт соат барқи иловагӣ эҳтиёҷ дорад. Коршиносон мегӯянд, ислоҳот дар ин соҳа бидуни муайян кардани мушкили аслӣ - сарфаи барқи мавҷуда имкон надорад. Яке аз онҳо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, Дар Арманистон, ки 3 млн. 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва солона 5,5 млрд. квт соат барқ истеҳсол мекунад, аз хатми ҷанги Қаробоғ соли 1995 ба ин сӯ маҳдудияти барқ нест ва корхонаҳояш ҳам муназзам фаъоланд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, соли гузашта 17 дарсади барқи Тоҷикистон барои хароҷоти фаннӣ талаф шудааст. Ин рақамро низ коршиносон шубҳаангез мехонанд.
XS
SM
MD
LG