Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди кӯмаки "Барқи тоҷик" ба нерӯгоҳи Русия


Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" кӯмаки худро ба Русия дар тармими нерӯгоҳи барқи обии Саяну Шушенск пешниҳод кард. Дар барқияе, ки ба мақомоти русӣ фиристода шудааст, сарони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтаанд, метавонанд дар бартараф кардани пайомадҳои фалокат дар ин нерӯгоҳ ва эҳёи кори он ҳамаҷониба кӯмак кунанд. Бар асари садамаи рӯзи 17-уми август ду чархаи нерӯгоҳ комилан тахриб шуда, се чархаи дигар зери шикастпораҳои филизӣ мондаанд. Ҷамъан нерӯгоҳи барқи обии Саяну Шушенск 10 чарха дорад. Вазорати энержии Русия зарари садамаро 40 миллиард рубл тахмин задааст.
XS
SM
MD
LG