Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Путин ба санҷиши иншооти азими Русия


Сарвазири Русия, Владимир Путин, бо ишора ба садама дар бузургтарин нирӯгоҳи Русия хостори тафтиши тамоми иншооти азими кишвараш шуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар садамаи нерӯгоҳи барқи обии Саяну Шушенск 17 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ва дар ҳоле ки аз фалокат дар бузургтарин нирӯгоҳи Русия се рӯз мегузарад, боз қариб 60 тани дигар ҳанӯз бенишонанд. Вазири умури изтирории Русия, Сергей Шойгу гуфт, хушк кардани оби толори турбина, ки рӯзи душанбе зери сел монда буд, имрӯз сар шудааст.
XS
SM
MD
LG