Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод аз таҳримҳои нав наметарсад


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, мегӯяд, вай аз ҳеҷ гуна таҳрими молиявӣ, ки мумкин аст, давлатҳои Ғарб зимни барномаи тазодомези ҳастаияш ба Эрон таҳмил кунанд, ҳарос надорад. Вай гуфт, ягон кишвар аз ин таҳримҳо бурде нахоҳад кард. Аҳмадинажод ҳамчунин номи 21 узви ҳукумати нави худро ба порлумон пешниҳод кард. Аъзои маҷлис ин номзадҳоро баррасӣ мекунанд ва рӯзи 30-юми август, раъйи эътимод медиҳанд. Дар феҳраст вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ дар вазифаи худ боқӣ монда, се зан ба мақоми вазирони омӯзишу парвариш, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоӣ пешниҳод шудаанд.
XS
SM
MD
LG