Пайвандҳои дастрасӣ

Манзили хешони раҳбари уйғур тахриб мешавад


Пайвандони раҳбари фирории уйғурҳои Чин, Робия Қодир, мегӯянд, мақомоти чиноӣ ба онҳо дастур додаанд, маскани худро дар шаҳри Урумчӣ тарк кунанд. Ин хонаводаи 30-нафара гуфтааст, мақомоти давлат мехоҳанд, хонаи онҳо ва ду маркази тиҷоратиро, ки бахше аз моликияти Робия мебошанд, тахриб кунанд. Ин хабар аз тарафи Анҷумани уйғуру амрикоӣ, ки сарварии онҳо хонуми Қодир дар ӯҳда дорад, нашр шуда, тасдиқи он аз хабаргузориҳои мустақил ё мақомоти Чин дастрас нашудааст. Мақомоти Чин Қодирро дар нооромиҳои ахири Шинҷон айбдор медонад, ки бар асари онҳо наздик ба 200 нафар кушта ва 1 600 нафар захмӣ шудаанд. Қодир ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG