Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори хушнудии СММ аз интихоботи Афғонистон


Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мегӯяд, аз ҷараёни раъйдиҳии имрӯза дар интихоботи раисиҷумҳур ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон хушнуд аст. Кай Эйд гуфт, "албатта, баъзе ҳамлаҳо низ сурат гирифт, вале дар ниҳояти амр, ин камтар аз ҳароси мо буд." Сухангӯи намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон, Олим Сиддиқӣ гуфт, ширкати раъйдиҳандагон бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон рӯҳбаландкунанда буд. Аз манотиқи гуногуни Афғонистон хабарҳое дар бораи ҳамлаҳо расид, аз ҷумла аз як даргирӣ дар шарқи Кобул. Раисиҷумҳури феълии Афғонистон, Ҳомид Карзай, ки аз замони барканории Толибон дар Афғонистон дар сари қудрат аст, бо зиёда аз 30 номзад рақобат мекунад, аз ҷумла собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон, Абдуллоҳи Абдуллоҳ.
XS
SM
MD
LG