Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи Туркманистон ба Тоҷикистон


Узбакистон барои интиқоли барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи низоми энержии худ дар тирамоҳ ва зимистони имсол иҷоза додааст.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеъи давлатии Тоҷикистон навиштаанд, ахиран чунин як шартнома миёни ширкатҳои энержии ду кишвар дар Тошкант ба имзо расидааст.

Дар фаслҳои сармои соли гузашта интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи хатҳои энержии Узбакистон ба мӯҳлати мадид қатъ гардида буд ва набуди шартнома миёни ширкатҳои марбути ду кишвар яке аз сабабҳои он номида мешуд. Ба ҳамин гуна, дар давраи сар аз якуми ноябр то 31-уми декабри соли 2008 ба Тоҷикистон 400 миллион киловатт соати барқи туркманӣ ворид шуда буд.

Баъдан, интиқоли он аз рӯзи аввали моҳи январ то рӯзи охирини моҳи феврал қатъ гардида буд.

Ва аммо бо имзои шартномаи тоза Тоҷикистон умедвор аст, ки барқи Туркманистон ва барқе, ки дар нерӯгоҳҳои худи кишвар тавлид мешавад, барои бароварди ниёзҳои кишвар кофист ва аз Узбакистон барқ ворид нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, як масъули «Барқи Тоҷик» ба «Азия-Плюс» гуфтааст, Узбакистон аз Тоҷикистон дар моҳҳои агвуст – сентябр 500 миллион киловатт соат барқ мехарад. Вале арзиши ин барқ ва ҳамчунин арзиши истифода аз хатҳои энержии Узбакистон барои интиқоли барқ аз Туркманистон номаълум аст.
XS
SM
MD
LG