Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба теннис барои дарёфти ҷавоизи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд тӯли 4 рӯз идома кард, шоми 19-уми август ба анҷом расид.

Ба иттилоъи сардовари ин мусобиқа Мансур Яҳёев дар рақобатҳо ба ғайр аз мизбонон - теннисбозони тоҷик, инчунин, варзишгарони Узбакистон иштирок карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон теннисбози тоҷик Мирҳусейн Яҳёев ва байни занон варзишгари Узбакистон Виктория Карменова ғолиб шуданд.

Дар рақобатҳои ҷуфтӣ байни мардон теннисбозони тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад - Бахтиёр Саъдуллоев ва байни занон варзишгарони Узбакистон Виктория Карменова - Арина Фолс ҷойҳои аввалро касб карданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG