Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта дар ойинаи матбуот


Қатъи пахши барномаҳои радиои «Имрӯз», фарорасии моҳи шарифи Рамазон мушкили равуо тавассути гарданаи Анзоб ва нақби Истиқлол аз масоилеанд, ки тақрибан ҳамаи нашрияҳои чопи Душанбе ба инъикос ва бозтоби онҳо пардохтаанд.

«Нигоҳ» дар як матлабе муфассал зери унвони «Моҷарои «Имрӯз»-и Ҳасан Асадуллозода, ё ба Ҳасан Асадуллозода зӯри кӣ мерасад» масъала, ё мушкилоти қатъи амвоҷи радиои «Имрӯз»-ро ба баррасӣ гирифтааст. Нашрия менависад,ки радиои барномаҳои «Имрӯз» дуруст дар вақте қатъ карда шуд, ки президенти кишвар дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад.

Аз сӯи дигар, навиштааст муаллиф, боварнакарданист, ки имрӯз зӯри касе барои қатъ кардани радиои мутааллиқ ба яке аз муқтадиртарин ва маълумтарин соҳибкорони Тоҷикистон ва он ҳам аз оилаи раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода бирасад. Аз ин рӯ омадааст дар матлаб ин ҷо метавонад чанд фарзия вуҷуд дошта бошад. Яке аз ин фарзияҳо ин аст, ки изофа кардааст нашрия, радиоро «рақибони сиёсӣ ё бадхоҳонаш ба мушкили сунъӣ мувоҷеҳ кардаанд», фарзияи дигар ин буда метавонад, ки пахши мавҷҳои радиоро дастандаркорони Кумитаи телевизион ва радио дар якҷоягӣ бо масъулони «Телерадиоком» ва бо ташаббуси худ бастаанд.

Ва фарзияи дигари пешовардаи ин нашрия он аст, ки худи Ҳасан Асадуллозода бо ҳамин васила мехоҳад «безарар ба имиҷаш радиоро бубандад ва ё сиёсати редаксиониашро тағйир диҳад», зеро дар пеш интихоботи порлумонӣ қарор дорад ва ниҳоят фарзияи ахир «қатъи мавҷҳои радио натиҷаи муҳорибаҳои дохилӣ дар атрофи президент мебошад».

Нашрияҳои дигар низ изҳороти бархе аз созмонҳои хабарии Тоҷикистон дар мавриди пуштибонӣ аз ин радиоро ба нашр расонидаанд. Аммо «Миллат» бо чанде аз рӯҳониёни кишвар перомуни фарорасии Рамазон - моҳи муборак барои мусалмонони ҷаҳон сӯҳбатҳоеро ба чоп додааст. Рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Мирзо - имомхатби масҷиди «Ҳилоли Аҳмар»-и шаҳри Кӯлоб, домулло Зубайдуллоҳи Розиқ - раиси Шӯрои уламоаи ҲНИТ, Қобилҷон Боев - мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон ва Мулло Ҳайдар Шарифзода –имомхатиби масҷиди Имоми Аъзами шаҳри Кӯлоб дар ин робита изҳори назар карда ва аз сокинони кишвар даъват кардаанд, ки бо адо кардани ин фаризаи динӣ ризои худовандро ба даст оваранд ва аз савобу самараи ин моҳ, ки бағоят беинтиҳост, баҳравар шаванд.

Зимнан «Наҷот» - нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии моҳи Рамазон табрикоти раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро ба мардуми Тоҷикистон мунташир кардааст.

Аммо нашрияи «Озодагон» дар як матлабе таҳлили зери унвони «Порлумони Тоҷикистон шутурмурғ аст»? Маҷлиси намояндагонро дар камфаъолиятӣ, надоштани мавқеи мушаххас ва бесалоҳиятӣ айбдор кардааст. Ба навиштаи муаллиф, порлумони Тоҷикистон дар ҳеҷ яке аз масоили умда ва баҳсангези ҷомеаи кишвар вокуниш нишон надода, ҳамеша сукутро дар барои ин ҳаводис ихтиёр кардааст, ки он боиси ба як ниҳоди номаълум ва номуайян табдил ёфтани он шудааст.

«Фараж» - нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва «Пайкон» – яке дигар аз ҳафтаномаҳои мустақили кишвар аз афзоиши мавориди порахӯрӣ аз сӯи кормандони идораи давлатии бозрасӣ ё таври маъруф ГАИ дар нақби «Истиқлол» изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ба навиштаи ин нашрияҳо, баъди эълони қатъи ҳаракат тавассути ин нақб кормандони ГАИ дар шабҳангом аз ронандагон то сад сомонӣ ришва ситонида, убури онҳоро иҷоза медиҳанд. Аммо касе аз масъулон пеши роҳи ин қонуншиканиро намегирад. Муаллифи нашрияи «Пайкон» навиштааст, дар сурате, ки ба ҳангоми шаб гузаштан аз ин масир имкон дорад, чаро ҳаракат дар онро қатъ мекунанд ва мардум маҷбур аст, ки бар ивази пардохти изофӣ аз он ҳаракат кунад?
XS
SM
MD
LG