Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Путин бо Тимошенко


: Сарвазирони Русияву Украина дар як тамоси телефонӣ ҷадвали мулоқотҳои дуҷонибаро баҳс кардаанд. Ин гуфтугӯи Владимир Путин ва Юлия Тимошенко дар ҳолест, ки равобити Русия бо Украина ҳамчунон дар ҳоли сардист.
Мақомот мегӯянд, сарвазири Лаҳистон Доналд Туск Путин ва Тимошенкоро даъват кардааст, ки рӯзи 1 сентябр дар Лаҳистон бо ҳам мулоқот кунанд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар ҳафтаи гузашта дар як паёми тунд раҳбарони Украинаро ба пешбурди сиёсатҳои “зиддирусӣ” айбдор карда буд.
XS
SM
MD
LG