Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушнудиҳо аз интихоботи Афғонистон


Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мегӯяд, аз ҷараёни раъйдиҳии имрӯза дар интихоботи Афғонистон хушнуд аст.

Кай Эйд гуфт, "албатта, баъзе ҳамлаҳо низ сурат гирифт, вале дар ниҳояти амр, ин камтар аз ҳароси мо буд."

Сухангӯи намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон, Олим Сиддиқӣ гуфт, ширкати раъйдиҳандагон бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон рӯҳбаландкунанда буд. Аз манотиқи гуногуни Афғонистон хабарҳое дар бораи ҳамлаҳо расид, аз ҷумла аз як даргирӣ дар шарқи Кобул. Раисиҷумҳури феълии Афғонистон, Ҳомид Карзай, ки аз замони барканории Толибон дар Афғонистон дар сари қудрат аст, бо зиёда аз 30 номзад рақобат мекунад, аз ҷумла собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон, Абдуллоҳи Абдуллоҳ.

Раъйдиҳии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00


Аммо мавзӯъи аслии матруҳа дар зеҳнҳо ин аст, ки оё интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба даври дувум хоҳад кашид ё не? Карзай, ки ба хотири давраи дувуми раёсат вориди сабқат шудааст, довталаби аслии пирӯзӣ дониста мешавад. Аммо бино бар назарсанҷиҳои анҷомшуда, Карзай феълан метавонад ба раъйи мувофиқи 45-46 дарсади мардум умед бандад, ки ҳарчанд дар муқоиса бо рақибонаш хеле зиёдтар аст, вале барои пирӯзӣ дар даври аввал кифоят намекунад.

Тибқи қонунҳои Афғонистон, барои пирӯзӣ дар интихобот номзад бояд пуштибонии беш аз 50 фоизи мардумро ба даст биорад.

Дар баробари Ҳомиди Карзай зиёда аз 30 номзади дигар низ вориди мубориза шуда буданд, вале то рӯзи раъйгирӣ дар рӯйхати муддаиёни курсии раёсати Афғонистон танҳо 32 нафар, аз ҷумла 2 номзади зан, боқӣ монд. 9 номзад ё аз сабқат хориҷ шуданд ваё ба фоидаи номзадҳои дигар аз идомаи мубориза даст кашиданд.

Як рақиби умдаи Карзай дар интихоботи имрӯза вазири пешини умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ маҳсуб мешавад, ки бино бар натоиҷи назарсанҷиҳои анҷомшуда, мизони пуштибонии мардум аз ин номзад дар ҳудуди 25-26 дарсад рақам зада мешавад.

Аз номзадии вазири собиқи план ва намояндаи қавми ҳазора Рамазон Башардӯст ҳудуди 10 дарсад ва аз вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай тақрибан 6 фоизи мардум пуштибонӣ мекардаанд. Мизони пуштибонӣ аз боқии номзадҳо дар муқоиса бо ин 4 номзади умда хеле камтар будааст.

Албатта, мизони ҳимоят аз рақибони аслии Карзай дар муқоиса бо фисади пуштибонӣ аз номзадии худи раисиҷумҳури кунунии Афғонистон хеле камтар аст, вале ба сурати умум, чунин таҷзия шудани оро метавонад барои Карзай як дарди сари бузург эҷод кунад, ки он ҳам ба даври дуввум кашидани интихобот аст. Ва он ҳам дар кишвари ҷангзадае, чун Афғонистон, ки дар ростои ҳамалоти рӯзафзуни чирикиҳои толиб ҳатто баргузории як даври раъйгирӣ барояш як кори сангин аст.

Ва он ҳам дар ҳоле ки ҳазинаи фақат даври аввали интихоботи Афғонистон дар ҳудуди 220 миллион доллар баровард мешавад. Ҳадди ақал бар асоси маблағе, ки барои баргузории ин маърака аз кӯмакрасонҳои байналмилалӣ дархост кардаанд. Ва ин ҳам бидуни дарназардошти ҳазинаҳои амниятии ин маърака, чунки интихоботи Афғонистон эъзоми нирӯӯҳои иловагии байналмилалӣ ба он кишварро аз қабл ба ҳамроҳ дошт ва баргузории даври дуввум бар ин ҳазинаҳои амниятӣ ҳатман хоҳад афзуд.

Дар гуфтугӯе бо Умеди Марзбон, ҳамкори мо аз Радиои Афғонистони Озод, аз ҷумла ҳамин масъаларо матраҳ кардем, ки агар кори интихобот ба даври дуввум бикашад, чӣ хоҳад шуд? Вале аввал аз ҳама аз Умеди Марзбон хостем, ки як манзараи умумии Афғонистонро дар рӯзи интихобот бароямон тасвир кунад. Барои шунидани сӯҳбати Умеди Марзбон гӯшаи "Чандрасонаӣ"-ро дар тарафи рости саҳифа зер кунед.
XS
SM
MD
LG