Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси Эрон мунтазири ҳайъати кобина аст


Парлумони Эрон мунтазири рӯйхати кобинаи 21-нафарии вазирони раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод аст. Аҳмадинажод мебоист ин феҳрастро то поёни рӯзи чоршанбе, ду ҳафта баъд аз адои савганди раёсатҷумҳуриаш ироа кунад, аммо то кунун эълом нашуда, ки оё ин феҳраст ба дасти парлумон расида ё хайр? Бино ба хабарҳо, имкон дорад, ки дар Маҷлис рӯи бархе номзадҳо ба узвияти кобина мубориза шавад.
Як мушовири Аҳмадинажод гуфт, ки раисиҷумҳур ба симати вазири хориҷа боз ҳам Манучеҳри Муттакиро пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин интизор меравад, ки Аҳмадинажод 3 занро ба ҳайъати кобина пешбарӣ кунад. Дар сурати таъйиди номзадии онҳо, барои бори аввал аз замони инқилоби исломии соли 1979 занон дар Эрон ба курсии вазорат хоҳанд нишаст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG