Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 44 ҷангии Ал-Қоида дар Саудия


Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, 44 нафарро, ки гумон меравад, ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида бошанд, дастгир кардааст. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли сухангӯи вазорати умури дохилии Саудия генерал Мансур ал-Туркӣ навишт, ки гуфтааст, пулис ҳамчунин махфигоҳҳои аслиҳаву муҳимотро ошкор кардааст. Давлати Саудӣ мегӯяд, бо иттиҳоми иртибот бо Ал-Қоида наздики 1000 нафарро то кунун ба масъулият кашидааст.
XS
SM
MD
LG