Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад вориди Теҳрон шуд


Радиои давлатии Эрон гуфт, ки раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба хотири табрики интихоби дубораи муттаҳидаш Маҳмуди Аҳмадинажод ба курсии раёсатумҳурии Эрон ба Теҳрон омадааст. Интизор меравад, ки Башор Асад ҳамчунин ба манзури раҳоии шаҳрванди Фаронса Клотилд Рейс, ки ҳамроҳ бо беш аз 100 тан аз тазоҳургарони боздоштшудаи эронӣ ба додгоҳ эҳзор шудааст, миёнҷигӣ кунад. Хонум Рейс рӯзи якшанбе аз боздошт раҳо ёфта, феълан дар интизори судури ҳукмаш дар сафоратхонаи Фаронса дар Теҳрон ба сар мебарад.
Фаронса дар ҳафтаи гузашта ба Сурия барои мусоидаташ ба раҳоии як корманди сафорати Фаронса, ки ҳамроҳ бо Рейс боздошт шуда буд, изҳори сипос кард.
XS
SM
MD
LG