Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти тунди Медведев дар мавриди Қафқоз


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, “террористҳо” дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолӣ бояд “хунсардона ва бидуни дудилагӣ” кушта шаванд. Медведев дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Русия гуфт, “набард алайҳи террористон бояд бидуни чуну чаро идома ёбад ” ва террористҳо бояд кушта шаванд, “вагарна мо ба ҷое намерасем.” Ин изҳороти шадидуллаҳни раисиҷумҳури Русия ба дунболи ҳамлаи маргталабона бо истифода аз мошини бомбгузоришуда ба як қароргоҳи милиса дар шаҳри Назрани Ингушистон аст, ки 21 нафарро кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG