Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Моликӣ дар паи ҳамлаҳои хунини дирӯза


Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ дар пайи ҳалокати дасти кам 95 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 500 тани дигар бар асари силсилаи таркишҳои дирӯза дар Бағдод ҷиҳати бознигарии тадобири амниятӣ дастур дод. Ҳамлаҳои рӯзи чоршанбе дар пойтахти Ироқ аз ҷумла мақари ду вазорати умури дохила ва молияи он кишварро ҳадаф қарор дод. То ҳол масъулияти ин ҳамлаҳоро касе бар ӯҳда нагирифтааст.
Ин силсилаи ҳамалот чоршанбеи 19 августро ба хунинтарин рӯз дар Ироқ дар 18 моҳи охир табдил медиҳад.
Мизони хушунатҳо дар Бағдод дар паи аз амрикоиҳо ба нирӯҳои амниятии Ироқ таҳвил шудани масъулияти таъмини амнияти пойтахт рӯ ба афзоиш овардааст.
XS
SM
MD
LG