Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80 дарсади шикоёт ба омбудсмен аз ҳукми додгоҳҳост


Зариф Ализода, маъмури ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфтааст, 80 дарсади шикоёте, ки таи дувуним моҳи фаъолияташ ин ниҳоди ҷадид дарёфт кардааст, шикоёт аз ҳукмҳои, ба гуфтаи шикоятгарон, ноодилонаи додгоҳҳост.
Ализода гуфтааст, ки ӯ дар фаъолияташ ба ҳамкории наздик бо созмонҳои ғайридавлатӣ, ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва бо матбуоту мақомот такя хоҳад кард.
Мушовири собиқи раисиҷумҳури Тоҷикистон Зариф Ализода ба мақоми маъмури ҳуқуқи башар, ё худ омбудсмени Тоҷикистон дар таърихи 27 майи соли ҷорӣ таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG