Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи рушди пахтакорӣ таҳия мешавад


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, дар садади таҳияи барномаи давлатии рушди пахтакорист. Ин барнома барои солҳои 2010-2015 таҳия шуда, аз ҷумла то ба 30 сентнер аз ҳар ҳектор баланд бардоштани ҳосили пахтаро дар Тоҷикистон дар назар дорад. Имсол майдони кишти пахта дар Тоҷикистон тақрибан 70 000 ҳектор коҳиш ёфт ва хоҷагиҳои пахтакор бояд аз 170 000 ҳектор замини кишти пахта 400 000 тона ҳосил ҷамъоварӣ кунанд. Вазорати кишоварзӣ гуфтааст, имсол дар мавсими пахтачинӣ аз нирӯи донишҷӯёни макотиби олӣ истифода нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG