Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз 330 муҳоҷир дар Маскав


Дар Маскав, пойтахти Русия, аз ду сохтмони матрук дар хиёбони Мир ва кӯчаи Болшая Серпуховская ҳудуди 330 муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кардаанд. Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, муҳоҷирони боздоштшуда атбоъи Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистону Озарбойҷон буда, дар муассисаҳои мухталифи манзилии шаҳри Маскав кор мекарданд.
Маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Русия дар моҳи август дар ҷануби Маскав наздики 300 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистонро, ки дар маркази тиҷоратии мавсум ба “Маскав” ба ҳайси ҳаммол ё фаррош кор мекарданд, боздошт карда буданд.
XS
SM
MD
LG