Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ризоияти Узбакистон ба транзити нирӯи барқ


Узбакистон транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро тавассути қаламраваш иҷозат додааст. Бино ба хабарҳо, чунин қарордод байни Тоҷикистону Узбакистон дар поёни ҳафтаи гузашта дар Тошканд имзо шудааст.
Тибқи созишномаи ду сол пеш имзошуда байни Ишқободу Душанбе, Туркманистон тааҳҳуд супурда буд, ки то соли 2012 солона ба Тоҷикистон дар фасли сармо 1 миллиарду 200 миллион киловатт-соат нирӯи барқ бифурӯшад. Вале Тошканд дар остонаи соли нав ба далоили фаннӣ транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро қатъ кард.
XS
SM
MD
LG