Пайвандҳои дастрасӣ

Журналист ва адиб Басир Расо меҳмони як маҳфили фарҳангӣ ва фароғатӣ дар осоишгоҳи "Авҷ"-и ноҳияи Ишкошим гардид.

Ширкати шоир дар ин маҳфил бо хости маъмурияти осоишгоҳ ва ҳаводорони каломи бадеъ ба вуқӯъ пайваста, Расо китобҳои навашро бо номи «Мавҷи диланвоз» ва «Баҳори орзу», ки нашриёти "Адиб" чоп кардааст, ба ҳозирон муаррифӣ намуд.

Аммо Расо бештар чун сармуҳаррири хастанашавандаи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» шинохта шуда, фаъолияташ дар ин маҷалла ба рӯҳияи эҷодиаш низ таъсир кардааст ва аз ин лиҳоз дар ашъори адиб танзу мутоиба бартарӣ доштанд.

Вай гуфт, талош кардааст ҳаҷву мутоиба ва мавзӯъҳои иҷтимоии рӯзро дар қолаби ғазал гунҷонад ва то ба ҳол муваффақ шудааст, ки ба 39 ғазали Хоҷа Ҳофизи малакутӣ ҷавоб гуяд, ки намунаҳояшон таҳти сарлавҳаи «Аз Хоҷа узр хоҳам…» ба хонандагон шиносанд.

Шоир абётеро аз Ҳофиз қироат намуда, гуфт, ки дар паллаи дигари тарозу мисраъҳоеро, ки баёнгари вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаъи имрӯзанд, гузоштааст ва бовар дорад, ки оҳанги абёт халалдор нашудааст:

«Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд».

Ҳамон, ки мадраса рафту низоми таълим дид,
Зи рӯзгори замон мубталову муфлис шуд.

Ҳамон сарой, ки бар кӯдакон дабистон буд,
Макони фанду фиреб асту ном-ш офис шуд.

Гурӯҳи мардуми авому дур аз фарҳанг,
Ба ҳар бино, ки зи фарҳанг буд, ворис шуд.

Канора з-олами фазлу ҳам аз мутолиа дур,
Хирад шуда бас кунду ақл ноқис шуд.

Ба ҳусни машварату маърифат мароқ намонд,
Вуҷуди орифи маънӣ хунук зи тадрис шуд.

Ба корхона намонда мароми кору таъин,
Дареғи умри гиромӣ, ки сарфи маҷлис шуд.

Фидои ҳарфу каломи гуҳаршинос, ки гуфт,
На ҳар маодини санге тилои холис шуд.

Ниёз ба доруву дармон ва табиб ва шикоят аз сифат ва қимати дору ва бешафақатии табибион яке аз мушкилоти доғи ҷомеа буда, адиб барои тасвири ин ҳол низ дар абёти Ҳофиз ҷавоб ҷустааст.

«Чандон, ки гуфтем, ғам бо табиби он,
Дармон накарданд, мискин ғарибон.»

Баҳри худо гӯ аз боби дору,
«То чанд бошем аз бенасибон? ».

Дору, ки асалан худ моли хайр аст,
Қимат фурӯшӣ бар мо дучандон.

Шафқат надорӣ бар мустаманде,
Валлоҳ, ки бошӣ аз мустабидон.

Аз ноилоҷӣ дар бистари ғам,
Моему дарде, дод аз табибон.


Қариб ҳар як хонаводаи тоҷик ба муҳоҷират ва мушкилоти он ошно ҳаст ва шаҳрвандони зиёди кишвар ҳанӯз ҳам ягона чораи бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоиашонро муҳоҷират ва кор дар кишварҳои мухталиф мебинанд. Адиб ин мушкили дардноки ҷомеаро ин тавр бозгӯ кардааст.

«Ғами ғарибиву ғурбат чу бар наметобам,
Ба шаҳри худ раваму шаҳриёри худ бошам».

Бирафт умри ҷавонӣ ба кори кишвари рус,
Ҳамеша дар пайи ёди диёри худ бошам.

Ба банд-банди дилу пайкарам таманноест,
Ки боз дар бари фарзанду ёри худ бошам.


Адиб мегӯяд, ки қаблан онҳо дар соҳилҳои баҳри Балтик ва осоишгоҳҳои мамолики дур фароғатро ҷӯё мешуданд. Вале баҳра бурдан аз манобеъи табии кишвари хеш ва истифода бурдани чунин имконият барои густариши робита бо хонанда кайфияти дигаре доштааст.

Вай изҳори таассуф кард, ки алҳол бинобар мушкилоти молӣ бештари аҳли эҷод ҳанӯз ҳатто имконияти фароғат дар осоишгоҳҳои ватаниро надоранд.

Парӣ Ғуломҳайдарова, яке аз истироҳаткунандагон гуфт, ки вай барои табобати чашм ва рӯда ба осоишгоҳи "Авҷ" омадааст. Ба гуфтаи вай, маҳфилҳои фароғатӣ дар осоишгоҳҳои минтақа одатан аз созу суруд иборат ҳастанд ва кам иттифоқ меафтад, ки истироҳаткунандагон дар чунин маҳфилҳо аз сӯҳбати аҳли адаб бархӯрдор шаванд.

Басир Расо дар поёни маҳфил гуфт, ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Тоҷикиситон пас аз чанде назираҳои дар пайравии Хоҷа Ҳофиз гуфтааашро бо иловаи қиссаҳои дигар дастраси хонандагон мегардонад.

Фаъолияти эҷодии Басир Расо аз соли 1956 оғоз шуда, аз соли 1964 инҷониб вай сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак» мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG