Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи Саудӣ ба гумонбаршудагони Ал-Қоида


Мақомоти Арабистони Саудӣ эълом карданд, ки дар як амалиёти махсус ба зидди шабакаи Ал-Қоида 44 тан аз муттаҳамон ба узвият дар ин созмонро боздошт карданд. Хабаргузории “Франс Пресс” аз қавли Мансур Ал-Туркӣ - сухангӯи вазири умури дохилаи Арабистони Саудӣ навиштааст, ки зимни амалиёт аз тундравон ҳамчунин силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва абзорҳои электронии тарканда мусодира кардаанд. Ҳукумати Арабистони Саудӣ мегӯяд, 1000 нафарро дар иртибот бо ҳамлаву хушунатҳо аз тарафи шабакаи террористии Ал-Қоида боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG