Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости СММ аз ҳукумати Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Афғонистон хост, то дастури манъи гузоришдиҳӣ аз ҳамлаҳо дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи панҷшанберо лағв кунад. Пештар аз ин хабарнигорони афғон ва хориҷӣ ин тасмими ҳукумати Афғонистонро башиддат танқид карданд. Аҳмад Зоҳир Фақирӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Афғонистон имрӯз дар шаҳри дастури ҳукумат гуфт, “дар сурати риоят накардани ин дастур, хабаргузориҳои маҳаллӣ баста ва хабарнигорони хориҷӣ аз Афғонистон ронда хоҳанд шуд. Раҳимуллоҳ Самандар – мудири Иттиҳодияи Хабарнигорони Мустақили Афғонистон гуфт, ин ҳаққи раъйдиҳандагони афғон аст, бояд доир ба хатароти эҳтимолӣ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ иттилоъ бигиранд.
XS
SM
MD
LG