Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи Медведев ба раиси ҷумҳури Исроил


Шимон Перес – раиси ҷумҳури Исроил мегӯяд, ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев ваъда додааст, ки масъалаи фурӯши системаи мушакии зиддиҳавоӣ ба Эронро бознигарӣ кунад. Шимон Перес дар ин бора имрӯз баъд аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Сочӣ сухан гуфт. Ба қавли Шимон Перес фурӯши системаи зиддимушакии Эс-300 ба Эрон ба тавозуни нерӯ дар Ховари Миёна таъсир мегузорад. Русия бо Эрон дар мавриди фурӯши системаи пурқудрати Эс – 300 қарордод имзо карда, ҳале ҳоло онро ба Эрон интиқол надодааст.
XS
SM
MD
LG