Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими муҳиме дар марзи Маҷористон


Раҳбарони Маҷористон ва Олмон имрӯз дар як маросим 20-солагии муҳоҷирати дастаҷамъии олмониҳо аз Олмони Шарқиро таҷлил мекунанд. Нуздаҳуми августи соли 1989 чандсад нафар аз олмониҳо аз марзи Маҷористон вориди Австрия шуданд ва мақомоти Маҷористон ҳам пеши роҳи онҳоро нагирифтанд. Ин фирори олмониҳо ба Олмони Ғарбиро оғози суқути Девори Оҳанин миёни шарқу ғарб медоданд. Дар расми ёдоварӣ аз ин ҳодиса, ки имрӯз дар марзи Маҷористон баргузор мешавад, Ласло Солйом, раиси ҷумҳур ва Гордон Байнай –нахуствазири Маҷористон ва Ангела Меркел – садри аъзами Олмон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG