Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Қазоқистон IPI-ро маъюс кард


Як созмони ҳомии озодии матбуот гуфт, аз амри додгоҳи олии Қазоқистон "маъюс" шудааст, ки ҳукми зиндони як хабарнигори мустақилро бетағйир гузошт. Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Матбуот, ки дар шаҳри Вена қароргоҳ дорад, гуфт, “ба се соли зиндон маҳкум кардани Рамазон Есергепов ба эътиборномаи демократии Қазоқистон сояи торике меафканад.” Ин хабарнигори қазоқро барои ишфо кардани як санади дохилии Кумитаи Амниятии Миллии Қазоқистон аввали ҳамин моҳ ба зиндон маҳкум карданд ва ҳафтаи гузашта Додгоҳи Олӣ ҳукми ӯро бетағйир гузошт.
XS
SM
MD
LG