Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Медведев ба маъмурони амниятӣ


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, “террористон” дар ҷумҳуриҳои ноороми қафқозии он кишвар бояд “хунсардона ва бедиранг” кушта шаванд. Зимни гуфтӯгу бо мушовири амнияти миллии ҳукумат, Дмитрий Медведев гуфт, «мубориза ба зидди террористон бояд бедиранг ва хунсардона идома дода шавад, вагарна мо комёб нахоҳем шуд.” Аввали ҳамин ҳафта як маргталаб бо мунфаҷир кардани мошини бомбгузоришудааш дар Назран маркази Ингушистон 21 нафарро кушт ва даҳҳо тани дигарро маҷрӯҳ кард.
XS
SM
MD
LG