Пайвандҳои дастрасӣ

Пойтахти Ироқ шоҳиди рӯзи хунине шуд


Дар силсилаи ҳамлаҳои хунин дар шаҳри Бағдод имрӯз дасти кам 75 нафар кушта ва бештар аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Баъд аз хуруҷи нерӯҳои Амрико аз шаҳрҳои Ироқ дар моҳи июн бори аввал аст, ки Бағдод шоҳиди чунин рӯзи хунине мешавад. Пулиси Ироқ гуфт, ҳамлаҳо пайиҳам дар назди қароргоҳҳои муҳими ҳукуматӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Маргтбортарин ҳамла дар назди вазорати умури хориҷаи Ироқ дар маҳалли пурмуҳофизи сабзи Бағдод сурат гирифтааст. Мошини дигари бомбгузоришуда дар назди вазорати молия таркида ва нисфе аз пули назди онро хароб кардааст. Ва дар назди қароргоҳи Созмони Милал дар Минтақаи Сабзи Бағдод ҳам як мина андохтанд, ҳарчан доир ба хисорот ва ё талафот аз ин ҳамла гузорише нашудааст.
XS
SM
MD
LG