Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар истгоҳи роҳи оҳани "Душанбе-2"


Бар асари сӯхтор дар истгоҳи роҳи оҳани «Душанбе-2» дуввуним ҳазор тонна мазути марбут ба як ширкати чинӣ сӯхтааст.

Толиб Ҳаётов, масъули дафтари матбуотии сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, масоҳати ин сӯхтор ду ҳазор метри мураббаъро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дуввуним ҳазор тонна мазути дар ин оташсӯзӣ нобудшуда ба ширкати чиноии «Чайна Роуд» тааллуқ доштааст.

Масъули дафтари матбуотии хадамоти давлатии оташнишонӣ гуфт, барои хомӯш кардани оташ дар ин мавзеъ 17 адад техникаи оташнишонӣ ва обкаш фиристода шудааст, ки аз тавсеаи оташсӯзӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Истгоҳи роҳи оҳани «Душанбе-2» дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои пойтахт дар шафати анбори нафт воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG